Тағироти кадрӣ. Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Юсуф Раҳмон Аҳмадзод Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Дар ин бора имрӯз, 4 феврал фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд.
Юсуф Раҳмон Аҳмадзод чанд рӯз пеш аз вазифаи Прокурори генералии Тоҷикистон барканор шуда буд. Ӯ 59-сола аст ва 10 сол дар мақоми прокурори генералӣ фаъолият кард.
Ёдовар мешавем, ки Парлумони кишвар рӯзи 3-юми феврал, бо гузашти қариб ду ҳафта пешниҳоди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди барканории Юсуф Раҳмон аз мансаби прокурори генералӣ пазируфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ