ДДБ: Таъсиси стипендия ба номи Носири Хусрав
Донишгоҳи давлатии Бохтар мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф дар даҳгонаи аввали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мавқеъ гирифт.
Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки ҳоло дар 45 кафедраи донишгоҳ 621 омӯзгор, аз ҷумла 17 профессор, 189 номзади илму дотсент, 420 саромӯзгор, омӯзгорон ва ассистентон фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ мебаранд.
Шумораи донишҷӯёни донишгоҳ 19 754 нафарро ташкил медиҳад, ки 8921 нафарашон духтарон мебошанд. Аз ҷониби раёсати донишгоҳ соли 2025 вобаста ба тарғиби осори Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз рӯйи равияҳои табиӣ ва гуманитарӣ барои 6 донишҷӯ идрорпулӣ ба номи Носири Хусрав таъсис дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ