Арзиши хона дар Душанбе чанд аст?

Арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона дар ҷумҳурӣ ба ҳолати моҳи декабри соли 2024-ум 705 долларро ташкил медиҳад. Дар ин бора Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, давоми соли гузашта дар кишвар 1 млн 739,6 метри мураббаъ хона ба истифода дода шуд. “Вобаста ба ҷойгиршавии ин ё он иншоот нархҳо тағйир меёбанд”, — гуфт раис.

Дар Душанбе арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона 780 доллар  мебошад. 

Ба андешаи  раиси кумита, дар дигар кишварҳо низ арзиши хона баланд аст. Масалан, арзиши як метри мураббаъ хона дар Ӯзбекистон 775 доллар, дар Озарбойҷон 1141 доллар, Қирғизистон аз 635 то 700 доллар, дар Қазоқистон 998 доллар, дар Молдова 912 доллар, дар Беларус 1544 доллар ва дар Русия ба 4042 доллар баробар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *