Тағйирот дар САҲШ-и Хатлон. Сафарзода аз мақомаш барканор шуд (аудио)
Сафарзода Зинатгул аз вазифаи сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон озод шудааст. Ӯ дар ин вазифа кам не, беш аз ҳафт сол фаъолият кард.
Ӯ дар як суҳбати телефонӣ ба Pressa.tj тасдиқ кард, ки аз вазифааш озод шудааст: “Рӯзи 18-уми майи соли равон маро аз вазифаи сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон озод карданд. Вале дар ҳамон рӯз сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ҳисор таъин намуданд”.
Сафарзода Зинатгул аз соли 2015 то 18-уми майи соли 2022 сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон буд. Ӯ пештар аз ин, аз соли 2006 то 2008 ба ҳайси сардори ҳамин ниҳод дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фаъолият кардааст.
Аз шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон хабари барканории Сафарзода Зинатгулро тасдиқ карданд: “Ҳоло касе сардор таъин нашудааст. Нурализода Ҷумъахон муваққатан иҷрокунандаи вазифа таъин шудаасту халос”.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ