Дар Бохтар пардохти ғайринақдӣ рушд мекунад?

Дар шуъбаи Бонки миллӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба хотири баланд бурдани сатҳи огоҳии сокинон дар робита ба пардохти ғайринақдӣ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар ин семинар соҳибкорон, сокинон ва намоянгони ВАО иштирок доштанд.

Абдулло Ҳакимов, сардори шуъбаи назорати бонкии шуъбаи Бонки миллӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки рушди низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ пеш аз ҳама ба шаффофияти иқтисодиёти мамлакат ва ҷилавгирӣ аз фарсудагии пули миллӣ мусоидат мекунад. Ӯ мегӯяд, ки ҳамчунин роҳандозии ин низом ба коҳиш додани камчинии маблағ ва навбатпоии сокинон дар назди бонкҳо замина мегузорад.

— Ҳанӯз соли 2018 ҳукумати кишвар ба хотири вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ қарор қабул кардааст ва муассисаҳои давлатии хизматрасониҳои пулакӣ вазифадор шудаанд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ба таври ҳатмӣ қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳоро аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ таъмин намоянд,- афзуд вай.

Ҳоло ташкилотҳои қарзии ватанӣ бо истифода аз технологияҳои муосири пардохтӣ, ба монанди бонкдории мобилӣ, Интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз ва маблағҳои электрониро ҷорӣ намуда, тавассути онҳо ба муштариён имконияти пардохт намудани ҳаққи молу хизматрасониҳоро ба таври ғайринақдӣ фароҳам овардаанд. Ҷиҳати ҳавасманд намудани муштариён ҳаққи хизматрасониҳоро коҳиш дода, барномаҳои бонусӣ, кэшбэк, пардохти фоиз аз амалиётҳои гузаронидашуда ва дигар роҳу имкониятҳои ҳавасмандгардониро пешниҳод намуда истодаанд.

Абдулло Ҳакимов афзуд, ки дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 1 ҳазору 700 маркази савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии пулаки хизматрасониро бо терминал ва QR-рамз ба роҳ мондаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан дар вилояти Хатлон сокинон аз навбатпоии зиёд дар назди бонкҳо ва кам будани маблағ шикоят доранд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *