Тағйироти кадрӣ: Қосимӣ Давлатовро иваз кард
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, роҳбарони як қатор сохторҳо аз мақомашон барканор шуданд.
Бино ба иттилои дарёфтаи сомонаи Pressa.tj, ин тағйирот рӯзи шанбе, 11-уми декабр сурат гирифтааст. Намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон кадрҳои навтаъинро ба ҳайати устодони донишгоҳ муаррифӣ кардаанд.
Ҳамин тариқ, Саъдӣ Қосимӣ, муовини аввали ректор оид ба таълим аз вазифааш озод гардида, ба ҷойи ӯ Мирзозода Абдусалом таъин шудааст. Абдусалом Мирзозода то ин замон мушовири ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат буд. Ӯ номзади илмҳои техникӣ буда, дастпарвари Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки Саъдӣ Қосимӣ декани факултети таҳсилоти ибтидоии донишгоҳ таъин гардида, дар ин вазифа Фаридун Давлатовро иваз кардааст.
Ҳамзамон, сардорони чанд раёсати донишгоҳ озод шуда, ба кори дигар гузаштаанд.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муассиси ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳисоб меравад. Сиёсати кадрии донишгоҳро низ ин вазорат муайян мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ