Ширин Амонзода

Тағйироти кадрӣ: Амонзода рафт, Ҳасанзода омад (аудио)

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода имрӯз, 5-уми январ аз мақомаш барканор шудааст.

Гуфта мешавад, ки ба ҳайси вазири нави меҳнат ва муҳоҷират Гулнора Ҳасанзода, ки то ин дам раиси Агентии омор буд, муаррифӣ гардидааст. Собиқ раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба ҷойи Ҳасанзода раиси Агентии омор таъин шудааст. Ширин Амонзода оё ба кори дигаре таъин шудааст ё на, ҳоло маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки Ширин Амонзода солҳои 2000 — 2004 дар Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (Душанбе, 2000 — 2001), Кумитаи шветсиягии Афғонистон (Душанбе — Афғонистон, 2001-2004), Дафтари Комиссари Олии Созмони милали муттаҳид дар умури паноҳандагон (Душанбе, 2004) ва Намоишгоҳи Ҷаҳонии Айчӣ (Ҷопон, 2005) дар вазифаҳои масъул фаъолият намудааст.

Аз соли 2007 то 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассис дар Хадамоти протоколӣ (2005-2007), Раёсати ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи дур (2007-2012) ва Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ (2012-2017) кор кардааст.

Соли 2017 муовини раис ва аз 27-уми январи соли 2020 раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуд.

Баъдан, мавсуф вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон буд.

Ширин Амонзода ба истиснои забони модарӣ, донандаи хуби забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ ва модари ду фарзанд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *