Президент ба Ширин Амонзода супориш дод, ки барнома иҷро шавад

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисобот дод, ки давоми 3 моҳ 32 ҳазору 358 шаҳрванди кишвар барои бекорӣ кумакпулӣ гирифтаанд.

Маҷлиси Ҳукумат 30-юми август таҳти раёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Ширин Амонзода оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022” ҳисобот додааст.

“Таъкид гардид, ки Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 ҳамчун як ҷузъи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати дар амал татбиқ кардани сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ ва дар ин замина таъмини суботи иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад”,- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.

Иҷрои дурнамои маҷмуии нишондиҳандаҳои Барнома барои солҳои 2020-2021 ва нимсолаи аввали соли 2022 дар сатҳи 99,8 фоиз таъмин карда шудааст.

Давоми солҳои 2020-2021 ва нимсолаи якуми соли 2022 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 353 ҳазору 402 нафар шаҳрванд муроҷиат намудаанд. Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар маҷмуъ 179 ҳазору 240 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардидаанд. Ба 32 ҳазору 358 шаҳрванд ба муддати 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт карда шудааст.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2020-2021 ва семоҳаи якуми соли 2022 дар Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт 421 ҳазору 726 ҷои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки аз ин 156 ҳазору 623 ҷойи кори доимӣ мебошад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш додааст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои саривақтӣ ва пурраи нишондиҳанда ва чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022-ро таъмин намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *