Тағйироти кадрӣ дар бахши ҳифзи муҳити зисти Хатлон

Идилло Шарипов сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон таъин карда шуд. Ӯ дар ин мақом Мусозода Шодиро иваз кард.

Идилло Шарипов то таъин шудан ба ин вазифа сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ёвон буд.

Ҳоло маълум нест, ки Мусозода Шодӣ, сардори ҳамакнун собиқи Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон бо чӣ сабаб аз мақом барканор шудааст. Дар бораи ба кори дигар гузаштани ӯ ҳам ҳанӯз иттилое нест.

Идилло Шарипов бо фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон таъин шудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *