Тағйироти кадрӣ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон

Имрӯз, 9 январ дар ҳайати роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  тағироти кадрӣ сурат гирифт.

“Сардорони як қатор раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Конибодом, Турсунзода, Рашт, Фархор, Носири Хусрав, Балҷувон, прокуророни ҳарбии гарнизонҳои Бохтару Суғд аз ҳисоби кадрҳои ҷавону кордон ва соҳиби таҷрибаву собиқаи корӣ дар мақомот таъин гардиданд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Дар ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиа, низ тағироти кадрӣ сурат гирифта, командирони баъзе аз  воҳидҳои низомӣ ва комиссарони ҳарбии як қатор шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷрибаву хатмкардагони ду муассисаи олии низомӣ ба ин вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони баъзе аз раёсатҳо ва шуъбаву марказҳои таълимии Гвардияи миллӣ низ аз ҳисоби афсарони касбӣ ва мутахассисони соҳа ба ин воҳидҳои низомӣ таъин гардиданд.

Зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуд, ки дар чунин шароити ҳассосу хатарзо вазифаи ҳар як роҳбару фармондеҳ ва хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз таъмини амнияту суботи давлат, ҳимояи марзу буми кишвар ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ иборат буда, дар ин самт бояд ҳушёру зирак бошанд ва вазифаҳои хизматии худро дар асоси оинномаҳо ва дастурамалҳои низомӣ ба роҳ монанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *