кресло

Тағйироти кадрӣ дар САҲШ: Фақат занҳо мудир мешаванд

Муродзода Сафаралӣ ва Бахтиёр Қурбонзода — мудирони шуъбаҳои асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Бохтару ноҳияи Қубодиён аз сабаби мард будан аз вазифаҳояшон озод карда шудаанд.

Ба гуфтаи масъулин, мудирони шуъбаҳои САҲШ бояд аз ҳисоби занон таъин карда шаванд.

Ҳоло ба ҷойи Муродзода Сафаралӣ Ҳуронбӣ Мирсаидзода мудири шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Бохтар таъин шудааст. Ҳуронбӣ Мирсаидзода то ин замон сармутахассиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буд.

Муродзода Сафаралӣ — собиқ мудири шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Бохтар дар як тамоси телефонӣ гуфт, ки баъди аз вазифа озод гардидан то ҳол ба мансаби дигаре таъин нашудааст. “Сабаби озод карданамро танҳо вазири адлия медонаду халос”,- таъкид кард вай. Ӯ мегӯяд, ки “номи ман дар захираҳои кадрии Вазорати адлияи кишвар сабт шудааст”.

Ҳамчунин, Бахтиёр Қурбонзода — мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Қубодиён низ аз вазифаи мудирии ин бахш озод шудааст. Аз шуъбаи кадрҳои мақомоти маҳаллии ноҳияи Қубодиён ба Pressa.tj гуфтанд, ки ҳоло Фарзона Абдуқаҳорзода иҷрокунандаи вазифаи мудири сабти асноди ҳолати шаҳварндӣ таъин шудааст. Манбаъ гуфт, ки “сабаби тағйироти кадриро мо не, фақат Вазорати адлияи мамлакат медонад”.

Зиннатбӣ Сафарзода — мудири шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки сабаби асосии иваз кардани мудирони шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳвардии шаҳри Бохтар ва ноҳияи Қубодиён — ин иҷрои дастури Роҳбари давлат аст. Ӯ мегӯяд, ки Роҳбари давлат дар як чорабинӣ аз фаъолияти мардон ҳамчун мудири шуъбаи САҲШ эрод гирифта буданд.

— Ҳоло кӯшиш шуда истодааст, ки шумораи мардон аз вазифаи роҳбарикунанда дар шуъбаҳои САҲШ кам карда шавад. Ӯ гуфт, онҳое, ки ҷинси марданд ва дар вазифаҳои роҳбарии ҳамин соҳа фаъолият мекунанд, баъди ба охир расидани муҳлати шартномаашон аз вазифа озод карда мешаванд. Ин кор марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад,- таъкид кард ӯ.

Як манбаи огоҳ аз шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфт, ки рӯзҳои наздик мудирони шуъбаҳои САҲШ-и ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминобод низ бо сабаби мард будан аз вазифа озод карда мешаванд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *