Тағйироти кадрӣ дар соҳаи маорифи шаҳри Душанбе
Дар соҳаи маорифи шаҳри Душанбе тағйироти кадрӣ ба амал омад. Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ иваз шуданд.
Муаррифии мудирони нав дар толорҳои МИҲД-и ноҳияҳо бо иштироки муовини вазири маориф ва илми кишвар Абдулзода З. Н., муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром сурат гирифт.
Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми кишвар, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино Давлатзода Насим Давлат, дар ноҳияи Шоҳмансур Ҷамила Мусоҷонова ва дар ноҳияи Фирдавсӣ Дилафрӯз Раҷабзода таъин гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки шаҳри Душанбе пойтахти мамлакат ба ҳисоб рафта, маориф дар самти аввал гузошта шудааст ва мудирони навро зарур аст, ки баҳри беҳтар намудани сифати таҳсилот ва ҷалби наврасон ба илмомӯзӣ, забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии технологияи муосир кӯшиш намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ