Тағйироти кадрӣ. Исломиддин Раҳмон-сардори нави Хадамоти зиддиинҳисорӣ

Исломиддин Раҳмон сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ ба ҷойи Абдулмаҷид Муминзод омад, ки номбурда 30 январ раиси шаҳри Бохтар таъин шуд. То ин муддат курсии Абдулмаҷид Муминзод холӣ буд.

Исломиддин Раҳмон собиқ раиси ноҳияи Данғара буда, 41 сол дорад. Номбурда соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2009 ҳуқуқшинос ва соли 2013 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро ҳамчун менеҷер хатм кардааст.

Солҳои 2002-2004 мутахассиси дараҷаи 2-и Бонки миллии Тоҷикистон, 2004-2015 хазиначии калон – назоратчии шуъбаи амалиётҳои хазинавии Идораи амалиётии Департаменти фаъолияти иқтисодии амалиётӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, сардори идораи муомилоти пулӣ, директори филиали ҶСК «Ориёнбонк» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” иҷрои вазифа намудааст.

Солҳои 2015 – 2018 муовини раиси “Амонатбонк” буд. Соли 2018 раиси ноҳияи Данғара таъин гардида, дар ин мақом то 30 январи соли равон фаъолият дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *