Ҷаббор Носирзода ба ҷойи Қосим Роҳбар. Раиси нави шаҳри Ҳисор кист?

Ҷаббор Носирзода то таъин шуданаш ба вазифаи раиси шаҳри Ҳисор, муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон буд.

 Ӯ зодаи шаҳри Ҳисор буда, 53 сол дорад. Номбурда имрӯз, 15 апрел бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  ба ҷойи Қосим Роҳбар раиси шаҳри Ҳисор таъин шуд.

Ҷаббор Носирзода  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро хатм кардааст.

Қаблан дар вазифаҳои сардори раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор, муовини раиси шаҳри Ҳисор, раиси ноҳияи Шаҳринав фаъолият дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *