Нашри ду асари устод Айнӣ дар Амрико

15 апрел дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 146-умин солгарди мавлуди устод Садриддин Айнӣ маросими рӯнамоии китоби “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, ки дар Ню-Йорки Амрико нашр шудааст, сурат гирифт.

Китоби мазкур дар тарҷумаи профессор Абдусалом Мамадназаров дар таҳрири профессори амрикоӣ Ҷонатан Зарман тариқи нашриёти “Роутлиҷ” дар шаҳрҳои Лондон ва Ню-Йорк чоп шудааст.

Ба ин китоб академик Муҳаммадюсуф Имомзода сарсухани муфассал навиштааст.
“Агар Шумо номи китобро дар интернет ҷустуҷӯ кунед, мебинед, ки аллакай 120 китобхонаи ҷаҳон онро харидорӣ кардаанд. Ин китоб аллакай дар китобхонаи бузурги донишгоҳи Кембриҷ, Сорбон ва дигар кишварҳо мавҷуд аст” – гуфт, дар маросими рӯнамоӣ профессор Абдусалом Мамадназаров.
“Ҳамосаи миллии Тоҷикистон” танҳо тарҷумаи ду асари устод Айнӣ набуда, балки рисоли бузурги илмиро мемонад, зеро дар он шарҳу тавзеҳоти илмӣ, зиндагиномаи мукаммали Садриддин Айнӣ, шарҳи маконҳои ҷуғрофӣ ва калимаву ибораҳои душворфаҳм низ замима гардидааст.

“Мо талош кардем, ки хонандаи англисзабон бо мутолиаи ин китоб ҳам устод Айниро бишносад ва ҳам ду асари муҳими устодро ба таври комил фаро бигирад.” – гуфт, Абдусалом Мамадназаров.
Ёдовар мешавем, ки китоби мазкур дар интернет дастрас мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *