Тағйироти кадрӣ: Неъматзода ба Норак омаду Қурбонзода ба Кумитаи занон
Имрӯз бо амри Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо аз вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳалли Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд ва бо фармони дигари Президент иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин гардид.
Ҳамин тавр, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон аз мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷиикистон таъин карда шуд. Идигул Қосимзода аз мақоми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон озод шуд. Дар шарҳи қарор сабаби аз вазифа озод шудани ӯро «гузаштан ба кори дигар» гуфтаанд. Моҳи декабри соли 2019 номзадии ӯ ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон аз рӯйхати ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.Ҳамчунин, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ду судяи шаҳри Душанбе ва як судяи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд аз вазифаи ишғолкардаашон озод шуданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президент, Ёрмамадзода Нисо Аҳмад аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ, Сайдализода Парвиз аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо хоҳиши худашон озод карда шуданд.
Рӯзи 8-уми январ бо қарори ҳукумат муовинони раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, аз ҷумла Марҳабо Олимӣ аз вазифа сабукдӯш шуданд. Зулфия Давлатзода муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон таъйин гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ