Дар водиҳо туман мефарояд, дар минтақаҳои кӯҳӣ яхбандӣ мешавад

Шабонарўзи наздик дар бештари ноҳияҳои Ноҳияҳои Тобеъи Марказ (НТМ), вилоятҳои Хатлон ва Суғд фаромадани туман дар назар буда, дурии биниш дар ағбаҳо то 300 метрро ташкил медиҳад. Дар роҳҳои нақлиётгарди минтақаҳои кўҳӣ яхбандӣ пешгўӣ мешавад. Рўзи 9 январи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кўҳии НТМ ва нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 11-16° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5-10° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 11+13° гарм мешавад.

Дар шаҳри Кӯлоб ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 10+12° гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво тағйир ёфта дар ғарби вилоят шабона 12-17° хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар шарқи вилоят шабона 24-29° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 31-36 хунук, (дар мавзеи Булункул то 43-45 хунук), рӯзона 9-14° хунук мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 13-15° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад.

Дар ноҳияи Мурғоб ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 26-28° хунук, рӯзона 11-13° хунук мешавад.

Дар НТМ  ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6° хунук, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 8-13° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5° хунук, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *