Тағйироти кадрӣ. Ном ба ном. Кӣ чӣ вазифа гирифт?

Имрӯз, 16 –уми январ бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаҳои олӣ, бонкҳо, ниҳодҳои навтаъсиса тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Ҳамин тавр, Ҳоким Холиқзода аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод гардид. Ба ҷойи ӯ Фирдавс Толибзода раиси нави Бонки миллӣ таъин шуд. Фирдавс Толибзода то ин замон муовини аввали раиси Бонки миллӣ буд.

Фирӯз Шарифзода муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳоким Холиқзода муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон таъин гардиданд.

Эмомалӣ Насриддинзода аз вазифаи Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  озод ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин шуд.

Қобилҷон Хушвахтзода, ки то ин замон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин шуд.

Фарҳод Раҳимӣ раиси Кумитаи навтаъсис оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин гардид. То ин мақом президенти Академияи миллии илмҳо буд.

Зулфиқор Гулаҳмадзода, ки то ин дам вакили парлумон буд, раиси нави Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъин гардид.

Абдулло Раҳмонзода ба ҷойи Эмомалӣ Насриддинзода ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шуд. Ӯ то ин дам раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш буд.

Сироҷиддин Икромӣ, ки то ин замон раиси Амонатбонк буд, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин шудааст. Раиси нави Амонатбонк Алиҷон Салимзода таъйин гардид. Ӯ то ин дам муовини раиси Бонки миллӣ буд.

Дилшод Раҳимӣ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъин шуд.

Бо фармони дигари Президент Мирзо Хуршед Файзуллозода директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон таъин шуд. Ин ниҳод навтаъсис буда, Файзуллозода аввалин роҳбари он мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *