Тағйироти кадрӣ. Нуриддин Саид аз вазифа озод шуд
Нуриддин Саид аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон озод шуд.
Бино ба иттилои манобеи огоҳ, бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи ӯ Носир Саид таъин шудааст. Номбурда то ин замон директори ТВ «Сафина» буд.
Ҳамчунин, Садриддин Шамсиддинзода аз вазифаи директори ТВ «Ҷаҳоннамо» озод шуда, директори ТВ «Сафина» таъин шудааст.
Соҳибназари Ғоиб бошад, директори ТВ «Ҷаҳоннамо» таъин шудааст, ки он дам директори телевизиони «Хатлон» буд. Номбурда писари Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ