Нуриддин Саид барои кормандон хона месозад

Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон барои 144 кормандони худ бинои истиқоматӣ месозад. Дар ин бора Нуриддин Саид — раиси ин ниҳод зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳудуди маҳаллаи Зарафшони пойтахт сохтмони як бинои истиқоматӣ дар назар аст.

«Мо бо дархости додани қитъаи замин барои ин кор муроҷиат кардем ва посухи мусбат гирифтем. Дар маҳаллаи «Зарафшон» ба мо барои сохтмони манзил 0,35 гектар замин ҷудо карданд»,- гуфт Нуриддин Саид. Ба гуфтаи ӯ, тибқи лоиҳа ин хона 12-ошёна буда, дар 1,5 — 2 соли наздик сохта мешавад.

Нуриддин Саид гуфт, ки манзилҳо барои кормандони Кумита ҳамчун манзили хидматӣ ҷудо карда мешаванд ва рӯзноманигорон низ метавонанд манзилро бо ипотека хусусӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *