Тағйироти кадрӣ. Раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иваз шуданд
Имрӯз, 4 январ бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар чанд шаҳру навоҳии вилояти Суғд тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Мирдадо Зариф ва Зоҳидзода Даврон аз вазифаи муовинони раиси вилояти Суғд барканор шуданд. Қосимӣ Файзулло, Ҷӯразода Ҷамшед ва Исмоилзода Зуфар муовини раиси вилояти Суғд таъин гардиданд.
Зоҳидзода Даврон бошад, раиси шаҳри Конибодом таъйин шуд. Аммо Мирдадо Зариф то ҳол маълум нест, ки ба кадом вазифа таъин шудааст
Ҳамин тавр, бо фармонҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон:
-Тӯхтасунзода Абдусалом, раиси шаҳри Конибодом;
-Ҳошимзода Раъно, раиси шаҳри Гулистон;
-Ғаффорзода Нигорахон, раиси шаҳри Бӯстон;
-Муродзода Муқим, раиси ноҳияи Айнӣ;
-Акрамзода Баҳодур, раиси ноҳияи Шаҳристон;
-Исмоилзода Зуфар, раиси ноҳияи Зафаробод аз вазифа барканор шудаанд.
Бо фармонҳои алоҳидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон:
-Муродзода Муқим, раиси ноҳияи Зафаробод;
-Зоҳидзода Даврон, раиси шаҳри Конибодом;
-Нуруллозода Фирӯза, раиси шаҳри Бӯстон;
-Пӯлотзода Илҳом, раиси шаҳри Гулистон;
-Раҳимзода Рӯзибой, раиси ноҳияи Айнӣ;
-Ғафурзода Рабим, раиси ноҳияи Шаҳристон таъин шудаанд.
Бояд гуфт, ки Ҷамшед Ҷӯразода, ки муовини раиси вилояти Суғд таъин шуд, то ин замон муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон буд. Ҳамчунин, Фирӯза Нуруллозода, ки раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид, то ин муддат муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ