Тақдими 40 грант ба бонувони ҳунарманд ба маблағи умумии 165 000 сомонӣ

Имрӯз дар толори пазироии Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ба 40 нафар бонувони ҳунарманд маблағҳои грантӣ дар маҷмуъ 165 000 сомонӣ супорида шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода гуфтааст, ки масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон дар меҳвари сиёсати имрўзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти назари махсуси раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарор дода шуда, дар ин самт таъсис дода шудани Грантҳои Президентӣ, Гранти Раиси вилоят ва Гранти Раиси шаҳр баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст.

Дар ин замина соли ҷорӣ 2 нафар занҳои ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд соҳиби Гранти Президентӣ ва 6 нафар занони ҳунарманди шаҳр барои гирифтани Гранти Раиси вилоят сазовор гаштаанд.

Дар ин радиф 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманду эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ соҳиби Гранти Раиси шаҳр, аз ҷумла 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ гардидаанд.

Аз тарафи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба 40 нафар бонувони ҳунарманд маблағҳои грантӣ дар маҷмуъ 165 000 сомонӣ тақдим карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *