Аз Бохтар то Анталия. Иштироки хонандагон дар олимпиадаи байналмилалӣ

Дар шаҳри Анталияи Туркия олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия” аз 31-уми октябр то 6-уми ноябри соли 2022 баргузор гардид. Дар ин олимпиада хонандагони Литсейи рақами 1 ва Литсейи давлатии Ориёнои шаҳри Бохтар иштирок карданд.

Шоиста Абдуназарзода, директори Литсейи рақами 1-и шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки “ҳафт хонандаи мо иштирокчии ин олимпиада буданд”. Ӯ афзуд, ки Муҳаммад Аҳадов сазовори ҷойи дувум, Нигина Валиева ва Муҳаммад Сайдализода сазовори ҷойҳои сеюм гардидаанд. Чор нафар хонандаи дигар иштирокчии фаъоли олимпиада будаанд.

— Хонандагони мо дар ҷамъбасти олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия” беҳтарин даста дониста шуда, асзовори кубок гардиданд. Ин олимпиада соли 14-ум аст, ки гузаронида мешавад ва хонандагони мо бори аввал аст, ки иштирок мекунанд,- зикр намуд ӯ.

Шаҳло Насруллоева, директори Литсейи давлатии Ориёнои шаҳри Бохтар мегӯяд, ки “дар олимпиадаи мавриди назар аз муассисаи мо панҷ нафар иштирок карданд”. Ӯ гуфт, ки Мирзозода Эҳсон — хонандаи синфи нуҳ сазовари ҷойи дувум дониста шуда, медали нуқра ба даст овардааст. Боқимонда хонандагон иштирокчии фаъоли олимпиада будаанд.

— Хонандагони муассисаи мо аз соли 2012 то имрӯз дар олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ иштирок мекунанд. Албатта, дастоварди кам надоранд. Барои иштироки фаъолу сазовор шудан ба ҷойҳои ифтихорӣ мо аз пештара дида кӯшиши бештар хоҳем кард,- афзуд мавсуф.

Бояд гуфт, аз 31-уми октябр то 6-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Анталияи Туркия олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия” баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимии Иттиҳоди давлатҳои мустақил иштирок намуданд. Аз вилояти Хатлон хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Дӯстӣ ширкат варзиданд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *