Тақдири норӯшани Карим Бензема
Футболбози маъруфи фаронсавӣ Карим Бензема соли 2022 сазовори ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” гардида буд, вале эҳтимол аст, ки ҳам “Тӯби тиллоӣ” ва ҳам шаҳрвандиаш аз даст равад.
Вақте ки кишвари Исроил ба Ғазза ҳамла кард, шахсони маъруф вокуниш карданд, аз ҷумла Карим Бензема ҳам.
— Мо ба сокинони Ғазза дуо мекунем, зеро боз қурбони ин ваҳшоният шуданд, — навиштааст футболбоз дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Аммо ин навишта дар Фаронса норозигиҳои зиёдро ба бор овард. Шахсони касбу кори гуногун, ҳатто сиёсатмадорон талаб карданд, ки “Тӯби тиллоӣ”-и Бенземаро бекор кунанд ва аз шаҳрвандии Фаронса маҳрум созанд.
Баъдан, адвакати футболбоз эълон кард, ки аз болои туҳматгарон ва бадхоҳон, ки шаъну шарафи Бенземаро паст заданд, шикоят хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ