Тақвими рӯз: Аз ҳадяи китоб то хандаи ошиқон

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO”, ки бори аввал дар мамлакат бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст, шинос шуданд.

Рӯзи Валентини муқаддас ё худ Рӯзи ошиқон. «Рӯзи Валентин» гӯё ҳаждаҳ аср пеш дар Рими қадим ба вуҷуд омадааст. Он вақтҳо ин ҷашн Lupercalia ном доштааст. Ҳар сол дар ҳамин рӯз одамони зиёде дар яке аз маҳаллаҳои шаҳр ё деҳаашон ҷамъ омада, ба ҳамдигар роз мегуфтаанд. Баъд аз ҷашн дилдодагон ба орзуи худ мерасидаанд, яъне оила барпо мекардаанд.

Дар гузашта, дар ин рӯз тақдими ширинӣ ва номаҳои ошиқона маъмул буд, вале дар замони муосир шодбошиҳо дар рӯзи ошиқон дар олами маҷозӣ маҳдуд шудааст. “Селфӣ”-и духтар ё писар ба дӯстдоштааш тариқи паёмрасон низ тӯҳфа ҳисоб мешавад. Табассумҳо ҳам маҷозӣ шудаанд, ки онро бо як ишора тариқи паёмрасонҳо мефиристанд.

14 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб шинохта мешавад ва бисёр хуш аст, вақте ки дар ин рӯз ба касе китоб ҳадя мекунем ва аз касе китоб мегирем.

Инчунин 14 феврал Рӯзи паҳн кардани иттилоот дар бораи бемории модарзодии дил аст.

Дар ин рӯзи соли  2005 домени интернетии www.youtube.com фаъол карда шуд.

8 сол пеш, 14 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

–65-солагии зодрӯзи Маъруф Раҷабӣ (1955-2001), доктори илми филологӣ, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

–60-солагии зодрӯзи Алидоди Чароғабдул (1960), шоир.

–70-солагии зодрӯзи Ҷӯрабой Янгибоев (1950), олими соҳаи биология.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *