Боз Раналду “Ювентус”-ро ба пеш бурд

Бозии даври нимниҳоии Ҷоми Италия миёни дастаҳои “Милан” ва “Ювентус” дар “Сан-Сиро” бо ҳузури  зиёда аз 72 ҳазор нафар мухлисон барпо шуд. Иштироки ин миқдор мухлисон дар ин марҳилаи мусобиқа бори аввал ба қайд гирифта шуд. Хабар медиҳад сомонаи varzishtv.tj

Ба иттилои манбаъ бозӣ аз аввал то ба охир бо бартарии мизбонон пушти сар шуд. Онҳо ҷониби дарвозаи Ҷ.Буффон 21 зарба заданд, ки 11-тоаш росту бехато буд ва ҳисоби бозиро Анте Ребич дар дақиқаи 61-ум кушод.

Ҳамлагари “Ювентус” Криштиану Роналду дар дақиқаҳои охири вақти асосӣ пеналтӣ кор кард ва онро бе хато ба дарвозаи Ҷанлуиҷи Доннарума ҷо карда, ҳисобро баробар намуд. Бозии ҷавобӣ байни ин дастаҳо рӯзи 4-уми март дар Турин баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *