Тақвими рӯз: Аз тенниси рӯйи мизӣ то Рӯзи геологҳо
6 апрели соли 1965 дар ИМА аввалин моҳвораи тиҷоратӣ дар самти алоқа сар дода шуд.
6 апрели соли 1896 дар Афина нахустин бозиҳои олимпии муосир ифтитоҳ ёфтанд.
6 апрели соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеширо ба ҳузур пазируфт.
6 апрели соли оли 2012 Суди олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои ҶСК «НБО Сангтӯда-1» оид ба рӯёнидани қарзҳо аз ширкати «Барқи тоҷик» барои барқи дастрасшударо пурра қонеъ кард.
6 апрели соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари раёсати Агентии энергетикии Германия Штефан Колерро ба ҳузур пазируфтанд.
6 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе хатсайри нави сайёҳии «Сайри гули лола» ташкил шуд.
6 апрел Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳу субот аст.
6 апрел Рӯзи байналмилалии тенниси рӯйимизӣ аст.
6 апрел Рӯзи геологҳо аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ