Таҳаввулоти вазъ дар марз бо Афғонистон чӣ гуна аст?

Ба гуфтаи як манбаъ дар ниҳодҳои қудратӣ, дар сурати рух додани таҳдид, Душанбе чораҳои ҷавобӣ меандешад.

Тоҷикистон ба ҳар гуна таҳаввулоти вазъ дар марз бо Афғонистон омода аст, аммо дар ҳоли ҳозир ором ва таҳти назорат аст. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе ба ТАСС як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ дар шарҳи суханони Қорӣ Фасиҳуддин Фитрат, ки ҷунбиши Толибон (дар Федератсияи Русия мамнӯъ) ӯро ба мақоми раиси ситоди кулл таъйин кардааст, хабар дод.

«Артиши Тоҷикистон омода аст, дар марз бо Афғонистон ҳамагуна сенарияро таҳия кунад.» Дар ҳамин ҳол, ин ҳамсӯҳбат афзуд, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорат аст ва ба ташдиди он имкон намедиҳад.

Дар марз ҳанӯз нооромист

Ҳамсуҳбат ҳамчунин зикр кард, ки дар сурати таҳдид, ҷониби Тоҷикистон чораҳои ҷавобӣ меандешад. Ба назари ӯ, иттилоъоти фармондеҳи афғон эҳтимолан иғвоангез бошад. Қаблан ҳарфҳои Фитрат дар бораи интиқоли воҳидҳои Толибон ба шимолу шарқи Афғонистон «барои ҳифзи марзҳо» дар расонаҳо пайдо шуда буданд. Дар ҳамин ҳол, вай ном набурд, ки ба назари ӯ, аз он кишвар хатаре ба вуҷуд меояд.

Ин мардум аз мо чӣ мехоҳанд?

 Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дарозтарин марз бо Афғонистон дорад — 1344 километр, ки бештари он аз соҳили дарёи Панҷ ва қисми дигараш дар релефи кӯҳӣ мегузарад. Чаҳор вилояти шимолу шарқи Афғонистон бо Тоҷикистон – Бадахшон, Тахор, Қундуз ва Балх ҳаммарз аст. Толибон пас аз эълони тасмими Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи худ аз онҷо баҳори имсол амалиёти густардаеро барои истиқрори назорат бар Афғонистон оғоз карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *