Усмоналӣ УСМОНЗОДА, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома. Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ (Усмонов Усмоналӣ Юнусалиевич) 13-уми сентябри соли 1959 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1982 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ ва соли 1988 аспирантураи Донишкадаи энергетикии шаҳри Москваро хатм кардааст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Фаъолияти корӣ. Фаъолияти меҳнатиашро моҳи ноябри соли 1982 ба ҳайси муҳандиси кафедраи «Автоматика ва мошинҳои ҳисоббарорӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шуруъ намуда, баъди хатми аспирантура, дар давоми солҳои 1989-1996 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедра, муовини декани факултаи энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1997-2001 дар мансаби директори назорати давлатии барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муовини директори генералии назорати давлатии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2001-2003 сардори департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2003 муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» фаъолият доштааст.

Аз соли 2009 то соли 2013 дар мансаби директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» кор кардааст.

Солҳои 2013-2020 дар мансаби вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2014-2020 ноиби Президенти Шӯрои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми ноябри соли 2020 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Унвони илмӣ. Номзади илмҳои техникӣ.

Қадршиносӣ. Соли 2012 бо ордени ”Шараф” дараҷаи II ва соли 2016 бо унвони фахрии «Энергетики хизматнишондодаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» сарфароз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *