Таҳмина Ниёзова

Таҳмина Ниёзова: Дар саҳна бо “сапоги” баромад кардам

“Санъаткор ҳамеша саросема аст, чунки уҳдадориҳои бисёр дораду корҳои эҷодиаш зиёд аст, аз ин хотир, аксаран хӯрокҳои зудтайёр, сабук ва болаззат омода менамояд. Ман ин навбат мехоҳам барои мухлисон ва тамошобинони телевизиони “Сафина” пухтани моҳиро бо тарзи дигар, яъне “моҳӣ дар соуси қаймоқӣ” пешкаш намоям“.

Ин порае аз суҳбати Таҳмина Ниёзова, сарояндаи эстрадаи тоҷик аст, ки дар роҳи санъат сабку услуби хосаи худро дорад. Отахони Аловуддин, муаллифи барномаи “Лазиз” дар рафти барнома, ки бо иштироки ин сарояндаи хушсалиқа таҳия гардидааст, дар пухтани хӯроки ғайримуқаррарӣ ва хӯриш кумак намуда, ҳамзамон дар бораи фаъолияту муваффақиятҳояш суҳбате анҷом дод, ки фишурдаашро пешкаши шумо мегардонем.  

— Барои омода намудани моҳӣ дар соуси қаймоқӣ чӣ лозим аст?

— Моҳӣ, равғани маска, помидор, қаймоқ, шибит, сирпиёз лозим аст, вале барои он ки хӯрок болаззат шавад, бояд чеҳраи инсон хандон ва табъ болида бошад.

— Сабаби ба санъат рӯ овардани Таҳмина Ниёзова дар чист?

— Вақте маҳфилҳои оилавӣ барпо мешуд, мо дар хонаи худамон ё дар хонаи бобоям ҷамъ шуда, баъд аз хӯрдани таом якҷоя суруд мехондем. Албатта чунин маҳфилҳо, ки ба он волидон, бобою бибиам ва наздикону пайвандонам таваҷҷуҳи хоса доштанд, сабаб гаштанду ман ҷодаи санъатро интихоб намудам.

— Бобои шумо шодравон Боймуҳаммад Ниёзов, ки ҳунари волою нотакрор доштанд, то ба имрӯз маҳбуби дилҳоянд, сурудҳои ӯро бо камоли майл гӯш мекунем ва ба ҳунараш эҳтиром мегузорем.

— Хеле хушҳолу хурсанд мешавам, ки ҷавонон сурудҳои ҳунармандони пешинро гӯш мекунанду таронаҳояшро месароянд. Ба шумо ташаккур мегӯям!

— Таронаи бисёр машҳуру маҳбуб ва шунидание доред, бо номи “Нози ишқ”, ки дар дилу дидаи мардум ҷо гирифтааст. Мехостам фаҳмам, ки таърихи ин суруд аз куҷо сарчашма мегирад. Кӣ ин сурудро бо оҳанг тақдими шумо кард?

— Ин сурудро худам низ дӯст медорам. Оҳанги суруд аз Даврони  Раҳматзод аст ва шеър аз Ворис, сарояндааш Таҳмина аст (механдад).

Ба ҳар як гӯшае ҷӯям туро ман,

Ба гӯшам мерасад, ҳар дам садоят.

Хаёлам ҳар куҷо бошам, ту бошӣ,

Бубахшам нози ишқамро бароят.

— Шумо ғолиби озмуни “Ситораҳои асри нав”, ки бо дастгирии Радиои Ватан ташкил карда буд, ҳастед. Дар бораи чӣ гуна ба ин озмун роҳ ёфтан мегуфтед.

— Дар мусоҳибаҳои қаблӣ ҳам гуфта будам, ки бо як фиреб гузаштам.

— Чӣ хел фиреб?

— Дар он ҷо синни иштирокчӣ бояд аз 16-солагӣ сар мешуд, аммо ман 14- сола будам ва хеле мехостам дар озмун иштирок кунам.

— Рақобат чӣ гуна буд?

— Медонед, чӣ қадар хоҳиши зиёд доштам ва ин аввалин баромади ман буд. Ман бо шаҳодатномаи апаам, ки синнаш ба критерияҳои озмун мувофиқ буд, роҳ ёфтам. Ба хотири фош нагаштани дурӯғам, ба ҳайат гуфтам, ки дар ҳуҷҷат ман Рухшона ҳастам, аммо маро бо номи Таҳмина мешиносанд. Ба ман бовар карданд ва ҳамин тавр, ба озмун роҳ ёфтам. Вале дар рафти озмун яке аз иштирокчиён маро шинохту ба аъзои ҳакамон хабар кашид. Онҳо ҷаласа карданд. То тамомшавии ҷаласа фикр мекардам, ки маро аз озмун меронанд. Аммо ҳодиса тамоман ранги дигар гирифт. Масъулини озмун ба хотири он ки зинаҳои зиёдро гузашта будам, ба ман иҷозати минбаъд ширкат варзиданро доданд.

— Хотирае, ки шумо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунед, кадом аст?

— Вақте суруди “Занги телефон”-ро сабт кардам, бояд дар як чорабинӣ, дар толори консертии “Кохи Ҷомӣ” иштирок мекардам. Барои чорабинӣ омодагӣ медидам, дар поям пойафзоли зимистона доштаму модарам бароям кумак мекард. Бояд баъди ду баромад, навбати ман мерасид, ҳамин вақт пойафзоле, ки бояд бо он ба саҳна мебаромадам, як пояш гум шуд. Намедонистем чӣ кор кунем, дар пои модарам низ мӯза буд ва ноилоҷ бо ҳамон “сапоги”-ҳо, ки ба либосам тамоман мувоффиқ набуд, баромад кардам.

— Рост аст, ки шумо Донишгоҳи шаҳри Маскавро бо дипломи сурх хатм кардед?

— Бале, ногуфта намонад, ки дар донишгоҳи бонуфузтарини Маскав  аввалин донишҷӯи тоҷик аз Тоҷикистон ман будам. Гирифтани маълумоти олии мусиқӣ яке аз орзуҳои асосии ман буд. Дар баробари ин, ман хатмкардаи Донишгоҳи славянӣ ва Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон будам. Мақсади ман илми гирифтаи худро ба донишҷӯёни тоҷик омӯхтан аст.

— Идеали шумо дар зиндагӣ?

— Идеали ман бобоям Боймуҳаммад Ниёзов ҳастанд, ки ҳунари он кас, истеъдоди нотакрори он кас маро ҳамеша илҳом мебахшад.

Омодасоз: М. ДАВЛАТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *