Чаро дар ҷашнҳо шукуҳе нест?

Солҳои қабл иду ҷашнҳо ва рӯзҳои касбӣ дар кишвар дар сатҳи басо хубу намоён таҷлил мегардиданд, вале имрӯз қариб ки бештари онҳо аҳамияти худро гум кардаанд…

Масалан 1-уми апрел — Рӯзи ханда. Қаблан, дар ин сана консертҳои ҳаҷвнигорон баргузор мешуд. Ҳоло чӣ? Маълум мешавад, ки фазои ҳаҷви тоҷик комилан холӣ аст. Ва ин сана шукуҳи қаблияшро аз даст додааст.

1-уми май — Рӯзи меҳнаткашон. Ин сана ҳам қаблан бо консерту чорабиниҳо ва сайри идона доир мегашт ва албатта рӯзи истироҳатӣ низ буд. Аммо баъди тағйироту иловаҳо дар рӯзҳои иду ҷашнҳо, минбаъд 1-уми май рӯзи корӣ эълон шуд ва ҳамин тавр Рӯзи меҳнаткашон аҳамияти худро гум карду имрӯз аз байн рафт гӯем ҳам, хато намекунем.

1-уми июн — Рӯзи кӯдакон. Бахшида ба ин сана, гарчанде истироҳатӣ ҳам набошад, консерту ҷамъомадҳо доир мегардид, ки хотири кӯдаконро шод мекард. Имрӯз бошад, аз онҳо асаре нест. Бархе муассисаҳо дили нохоҳам рӯякӣ қайдаш мекунанд.

31-уми май — Занги камолот. Чандин сол аст, ки чорабинии Занги охиринро манъ кардаанд. Ба ҷойи он, ки хатмкунандагонро бо як фараҳу шодӣ гусел кунанд, рӯзи Занги камолот санҷишу тафтиш ва ташрифи маорифу вазорат шуруъ мешавад.

24-уми ноябр дар Тоҷикистон рӯзи Парчами давлатист. Ин идро ҳам месазад бо рангинӣ гузаронд ва дар ин гуна ҷашнҳо бояд истироҳат дод. Лекин ман боре ҳам надидаам, ки Рӯзи Нишони миллиро ҷашн гирифта бошанд. Ва ё Суруди миллӣ чӣ?! Магар онҳо муқаддасот нестанд? Ё ин ки, кай боре ҳам санаи 31-уми декабр — мавлуди аллома Бобоҷон Ғафуровро қайд карда бошанд?!

Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ,

донишҷӯйи факултаи журналистикаи ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *