Таҳмина Ниёзова

Таҳмина Ниёзова. Ситорае, ки номзади илм аст

Ҳамагон Таҳминаро ҳамчун як сарояндаи муваффақ ва набераи Боймуҳаммад Ниёзов мешиносанд. Аммо Таҳмина дар байни ситораҳои чавони имрӯза ягона номзади илм аст ва боз якчанд бартарияту фарқияти дигар дорад.

Аз ҷумла, фарқияти дигари Таҳмина дар он аст, ки то ҳоло на соҳиби хонаи шахсӣ асту на мошин… Дар ҳоле, ки сарояндаҳои дигар пайваста аз мошини нав ё хонахарии худ ҳатто дар хориҷи кишвар бо ифтихор хабар медиҳанд.

Чандин сол аст, ки Таҳминаро мешиносам. Духтарест хоксору самимӣ. Ҳарду бобоҳои шодравонаш низ санъаткор буданд. Ӯ дар пойтахт ба дунё омадааст. Дар баробари забони модариаш бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ месарояд. Ҳам дар сароидани сурудҳои классикӣ ва ҳам эстрадӣ маҳорати хос дорад. Соли 2005 ҷавонтарин ғолиби озмуни “Ситораҳои асри нав” гардид. Соли 2007 бошад, дар “Суруди сол”. Соли 2008 бошад, бо гирифтани 216 балл соҳиби “Шоҳҷоиза”-и озмуни “Панҷ ситораи Интервидения” гардида, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байнамилалӣ боло бардошт. Соли 2009 дар Фестивали ҷавонони Боку Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.

Таҳмина Ниёзова соҳиби се маълумоти олӣ — журналистика, иктисодиёт ва санъати овозхонӣ буда, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи санъати муосири Москваро хатм намудааст. Соли 2017 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Волгоград таҳсилашро давом дода, бо навиштани рисола дар мавзуи «Инъикоси масъалаҳои санъат дар ВАО-и русии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият (1991-2011)» ба гирифтани унвони илмии номзади илмҳои филологӣ шарафёб шудааст.

Соли 2011 лауреати озмуни байналмилалии сарояндагони эстрада «Славянский базар — Витебск 2011» гашт. Соли 2012 бошад, дар озмуни мусиқавии кишвари Черногория бо суруди «My Heart Makes Boom» баромад намуд ва суруди мазкур дар қатори панҷгонаи беҳтарин ҷой гирифт. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҷило — 2012» бошад, сазовори номинатсияи «Маъруфи сол» гардид.

Бале, Таҳмина дунёи тамоман дигар дорад. Дунёи ӯ дар эҷодиёти рангинаш инъикос ёфтааст. Чанде аз сурудҳои бобои шодравонаш Боймуҳаммад Ниёзовро бозхонӣ намуда, ба ин васила ба он сурудҳо умри дубора бахшид.

Ба Таҳмина барору комёбиҳо орзу намуда, хоҳони онем, ки бо сурудҳои наву дилангези худ табъи ҳаводоронашро шод намояд ва барои рушду равнақи санъати миллӣ саҳми сазовор гузораду ҳарчи бештар дар хориҷи кишвар аз фарҳанги воло ва санъати ғании кишвари мо муаррифгар бошад.

Насрулло ТӮЙЧИЗОДА, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *