Қотили ҳамсар. Ӯ пас аз 23 сол пайдо шуд

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошт шудани марде хабар дод, ки 23 сол пеш барои қатли ҳамсараш фармон дода будааст. Ҳодисаи мазкур 23 сол пеш, санаи 12-уми феврал рух додааст. Аз дастгиршуда марди 53-солаи ноҳияи Синои пойтахт ном бурда мешавад.

Тибқи иттилои вазорат, номбурда 12-уми феврали соли 2000-ум куштори собиқ ҳамсараш, зани ҳамон замон 25-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро фармоиш додааст.

“Дар рафти тафтишот номбурда бо пуррагӣ иқрор шудааст, ки барои аз ҳаёт маҳрум сохтани собиқ ҳамсараш ба маҳкумшудагон — мардони 48, 46 ва 47-солаи сокинони ноҳияҳои Сино, Данғара ва шаҳри Норак, ки айни замон дар муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо намуда истодаанд, як ҳазор доллари амрикоӣ ҳамчун мукофотпулӣ додааст”.

Ин ниҳод нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 36, қисми 3 ва 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *