Таҳмина Раҷабова дар карантин аст (видео)
Таҳмина Раҷабова, наттоқи телевизион ва ҳунарманди тоҷик хабар дод, ки аз Русия бо парвози махсус ба Тоҷикистон баргашт ва ҳоло дар карантин қарор дорад.
Тавре ҳунарманд дар саҳифаи Инстаграмаш менависад, бино бар паҳншавии коронавирус Донишгоҳи давлатии кинематографии Русия (ВГИК) низ муваққатан баста шуд ва барои ҳамин ба Ватан баргашт.
«Бо ҳамин далел дар Маскав мондани ман маъное надошт ва ман 23 март бо парвози махсус ба Душанбе баргаштам», — менависад ӯ.
Ёдрас мешавем, Таҳмина Раҷабова ҳамин сол ба ин донишгоҳи пурнуфузи Русия дохил шуд. То ин дам Таҳмина дар телевизиони «Сафина» наттоқ буд ва дар чанд филми тоҷикӣ нақши асосиро бозидааст.
Таҳмина мегӯяд: «Тамоми нафароне, ки дар як ҳавопаймо бо ӯ баргаштанд, дар осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм» дар ноҳияи Варзоб ба карантин фаро гирифта шудаанд».
«Шароитамон бад нест. Табибон дар як рӯз ду маротиба ҳароратамонро месанҷанд. Ҳоло дар хона бошем хуб буд, лекин карантин бисёр муҳим аст ва наздиконамонро аз хатар нигоҳ медорад», — тавзеҳ додааст вай.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ