Ғолибият насиби Сабина Шаймардонова мегардад ё Тахмина Раҷабова?

Даври сеюми озмуни  “Ягона аз даҳгона” –ро сомонаи “Тajikistantimes.tj” ҳафтаи равон эълон намуд.   Ҳаводорони актрисаи хушзавқ ва ровии машҳури “ТВ Сафина” Тахмина Раҷабова ба ҷонибдории ин зебосанам 115 лайк гузошта, мехостанд ӯро дар зинаи аввал ва ғолиби озмун бубинанд, аммо мухлисони филми “Арӯси замонавӣ” паст наомада, бо тамоми ҳастӣ Сабина Шаймардоноваро дастгирӣ намуданд ва ба ҷонибдории ин фариштаи заминӣ 90 лайк гузошта, таъкид намуданд, ки то ҷон дар рамақ доранд, кӯшиш хоҳанд кард, ки ҷоми ғолибият насиби ин паричеҳраи офтобрӯй бигардад.

Тахмина зебост, Сабина ҳам аз вай монданӣ надорад, аммо кадоме аз онҳо ғолиб меояд, инро танҳо вақт ва шумораи овозҳое, ки ба ҷонибдории ин ду ҳунарманди ҷавону хушсалиқа меоянд, муайян хоҳанд кард. Мо танҳо як нуктаро ёдрас мешавем, ки Тахмина Раҷабова дар 20 филм нақш офарида, шуҳраташ пас аз филми “ 12-соли интизорӣ” дар байни мардум боз ҳам афзунтар гашт. Шумораи филмҳои Сабрина бо рақибаш баробар набошад ҳам, ин зебосанам нақши “Арӯси замонавӣ”-ро чунон олиҷаноб офаридааст, ки хурду калон баъди тамошои ин филм ошиқи зораш гаштанд.

                  

Маълум мешавад, ки мухлисони филми “Паймон” ҳанӯз дар хоби ғафлатанд, зеро ба ҷонибдории Сироҷиддин Ғаффурӣ ҳамагӣ 40 нафар овоз додаанду халос. Ин дар ҳолест, ки рақиби Сироҷиддин Набиҷон Пирматов аллакай 105 овоз ба даст оварда, пештози озмун гаштааст.

Давталабони дигари озмун-Музаффар Шодиев 75, Фарзонаи “Файз” 60,  Абдукарим Машрабов 28, Моҳпайкар Ёрова 52, Мавлона Наҷмиддинова 25 ва Шуҳратшои Раҳматулло 40 овоз доранд, аммо ҳар кадоми ин ҳунармандон имкони ба пеш гузаштан ва дар озмун ғолиб омаданро доранд, агар мухлисони ҳунарашон онҳоро дастгирӣ  намуда, ба ҷонибдориашон овоз диҳанд ва лайк гузоранд.

        

Хонандагони азиз, овоз додан тариқи сомона ройгон аст. Шумо метавонед ба сомонаи “Тajikistantimes.tj” ворид гашта, зери номи ҳунарманди дӯстдоштаатон лайк гузоред, вале агар чунин имкон надошта бошед, пас анкетаи озмунро аз ҳафтаномаи “Оила” бурида бигиред ва онро пур карда ба суроғаи зерин фиристед:

Ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.

Овоз додан тариқи газета бартарӣ дошта, ҳар як анкетае, ки шумо ба ҷонибдории ҳунарманди дӯстдоштаатон мефиристед, ҳамчун 3 овоз қабул карда мешавад.

Фурсатро аз даст надода овоз деҳ!

Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *