Таҷдиди 2 километр роҳ дар ноҳияи Ҷайҳун
Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун 2 километр роҳи мошингард пурра таъмир карда шуд. Роҳ дар доираи Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳия таҷдид карда шудааст.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун гуфтанд, ки то имрӯз бештар аз ду километр роҳ асфалтпӯш карда шуда, роҳҳои мошингарди маркази ноҳияи Ҷайҳун бояд ба талаботи замони ҳозира давра ба давра ҷавобгӯ карда шаванд.
— Дар доираи истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои автомобилгард таъмир карда мешаванд. Навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Даҳбедиён” иҷро гардида истодааст,- афзуд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ