Оғози барқарорсозиву корҳои муҳофизатӣ дар Қалъаи Қаҳқаҳа

Барқарорсозӣ ва корҳои муҳофизатӣ дар Қалъаи Қаҳқаҳаи ноҳияи Ишкошим оғоз мешаванд.

Тибқи Фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 14 то 20-уми июни соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва муайян намудани вазъи воқеии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба шаҳру ноҳияҳои ин вилоят дар доираи имконият банда — Мирзошариф Абдусаломов — сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг ва Зоирхони Отахон — директори МД «Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармим, барқарорсозӣ ва муҳофизати ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ»-и Вазорати фарҳанг сафари хизматӣ анҷом додем.

Яке аз масъалаҳои мавриди назар баррасии анҷоми корҳои тармим, барқарорсозӣ ва корҳои муҳофизатӣ дар ёдгории бостонии «Қалъаи Қаҳқаҳа» буд.

Дар доираи сафар бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим вохӯриву мулоқотҳои корӣ анҷом дода, оид ба оғози корҳои амалӣ ба қарорҳои ниҳоӣ расидем.

Тасмими Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ёдгории мазкур ин аст, ки он дар доираи талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ тармиму барқарорсозӣ карда шавад. Яъне бо усули анъанавӣ аз лою санг ва дигар лавозимоти табиӣ, то шакли асли ёдгорӣ ҳифз карда шавад.

Албатта дар шароити куҳистон ва махсусан маконе, ки ёдгории Қалъаи Қаҳқаҳа ҷойгир аст, кор бисёр заҳматталаб мебошад. Бо вуҷуди он, тамоми кӯшиш ба харҷ дода шудааст, то ин кор иҷро шавад.

Ёдгории мазкур дар деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим воқеъ буда, ҳудуди аслии он зиёда аз 15 га гуфта мешавад.

Мирзошариф АБДУСАЛОМОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *