Таҷлил аз Рӯзи “Шашмақом” дар Хатлон
Феълан дар вилояти Хатлон ансамбли “Шашмақом” фаъолияти пурсамар дорад. Нақши ҳунармандони ин жанри мусиқии миллӣ дар баланд бардоштани камолоти маънавии мардум ва тарбияи насли наврас дар ҷодаи шашмақомхонӣ кам нест.
Дар чорабинии таҷлил аз Рӯзи “Шашмақом” Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилоти Хатлон гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди ин жанри миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҷиҳати эҳё ва идомаи мактаби мусиқии шашмақомхонӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст.
“Шашмақом дар радифи дигар арзишҳои миллии тоҷикон зери таваҷҷуҳи хосаи Роҳбари давлат қарор дошта, ҷиҳати рушди ин санъати миллӣ ва бузургдошти “Шашмақом” ба ҳайси як рукни абадзиндаи миллат ҳамчун достони муҳташами савту калом соли 2000-ум мақоми давлатиро касб кард. Соли 2003 “Шашмақом” ба феҳристи шоҳасарҳои Созмони байналмилалии ЮНЕСКО пешниҳод шуда, баъди омӯзиш ва тадқиқоти олимон соли 2008 ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид карда шуд. Ин бори дигар шуҳрати санъати миллии тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт”,- афзуд ӯ.
Дар охир ба чанде аз ҳунарпешаҳои ансамбли «Шашмақом» барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи фарҳанг ва ҳунар, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбияи мутахассисон сипоснома дода шуд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ