Асрори Чилдухтарон. Қиссаи ба санг табдил ёфтани духтарон

Роҳ моро ҷониби Чилдухтарон, сӯйи минтақае мебарад, ки шоҳкории табиат аст. Ҳамсафарони ман дар ҳаяҷонанд. Нигоҳ аз дарахтзори ду тарафи роҳи қирпӯш, ки ҷангали Мозандаронро ба хотир меоваранд, намекананд, вале ҳушу ёдашон банди дидани воқеияти ривояти Чилдухтарон аст.

Дарахтони чормағз, писта, бодом, санҷид ва даҳҳо, шояд садҳо дарахтони бемеваю мевадор пеши назар чун арӯсон ҷилва доранд. Мо ба бобои Раҳмоналӣ, ки дар сари чанбар нишаста буд ва бо вуҷуди солхӯрдагӣ чун ҷавони сисола мошинро босуръат пеш меронд, рӯй меорем. Ӯ бо табассум рӯй ҷониби мо тофта, мегӯяд:

— Шунидан кай бувад монанди дидан! Ҳамин ки расидем, чӣ буданашро мефаҳмед.

Мо ба қулла мерасем. Тамаддун дар дили куҳ. Катҳои кандакории рӯйпӯш, бинои гунбаздори шишагии сақфаш бо усули ниёгон кандакоришуда, курсию софаҳои нарми интизори сайёҳон. Ҳама дар сатҳи Аврупо ва болотар аз он. Гулҳои рангоранги аз насими куҳ ба рақс омада пеши назар бозӣ мекунанд. Афсонаи ҳазору як шаб. Вале аҷибтару ҷолибтар аз ҳама қуллаҳои гулобиранги чун арӯсони ба рақс омада сафкашида…

Мо низ дар ҷоямон чун он чиҳил духтаре, ки ба санг табдил ёфта буданд, шах шудем. Қиссаи ба санг табдил ёфтани духтаронро бобои Раҳмоналӣ аз бобояш, бобояш аз бобокалонаш… насл ба насл шунидаанд ва ривояти он дар масири таърих суфта шуда, то имрӯз расидааст. Дар бисёр манотиқи Тоҷикистон Чилдухтарон ҳаст. Вале Чилдухтарони Муъминобод муъҷизаест ба ҳақиқат наздик.

…Чил духтар алайҳи душманони аҷнабӣ меҷанганд. Чун дармеёбанд, ки душман қавист ва эҳтимоли асир афтоданашон дар миён аст, ба Худо муноҷот мекунанд, то онҳоро аз гирифтор шудан ба банди душманон раҳонад. Оҳашон ба Ҳақдор мерасад ва онҳоро ба қуллаҳои дастнорас табдил медиҳад. Душманон аз ин муъҷиза дар ҳайрат меафтанд ва роҳи фирор пеш мегиранд. Аз он замон то имрӯз асрҳо сипарӣ шудаанд ва мардуми зиёд ин Чилдухтаронро ҳамчун рамзи шуҷоат ва покӣ зиёрат мекунанд.

Набудани роҳ, корвонсарое (меҳмонхона) боиси азоби зоирон гашта буд. Ба шарофати истиқлолият як марди пурсахои муъминободӣ меҳмонхонае бунёд намуд, ки Аврупо дар дили куҳ аст. Ҳамарӯза даҳҳо сайёҳон аз Аврупою Осиё ба тамошои Чилдухтарон меоянд ва аз табиати зебои он ҳаловат мебаранд.

Мо низ ин муъҷизаи табиатро дидем ва аз ҳавои тозааш нафас кашидаву аз оби мусаффои он нӯши ҷон кардем.

Ҳар кӣ аз Чилдухтарон дидан кард, баҳравар аз лаззати дунё гашт, ҳар кӣ надид, ҳасратест, ки бо худ мебарад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *