Таҷлили 90-солагии адиби кӯдакон Наримон Бақозода

Имрӯз, 24 январ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 90-солагии адиби бачагон Наримон Бақозода маҳфили адабӣ баргузор шуд.

Дар ҳамоиш муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, адибон Азизи Азиз, Абдураҳмони Абдуманон, Бахтиёр Муртазоев, Ҷӯра Ҳошимӣ, Софияи Носир, Тӯрахон Аҳмадхонов ва дигарон иштирок ва суханронӣ карданд.

Зикр гардид, ки Наримон Бақозода ба шеъри анъанавӣ машғул нашуда, як умр дар адабиёти бачагона қувваозмоӣ карда, муваффақ ҳам шудааст. Ӯ чистон, тезгӯяк, либретто, суруд, афсона, ҳикоя, ҳаҷвия, фелетон, нақиза, достонҳо эҷод карда, ба таҳияи филмҳои ҳунарӣ ва навиштани асарҳои саҳнавӣ ҳам машғул шудааст.

Адиби бачагон Азизи Азиз гуфт, ки Наримон Бақозода аз зумраи адибоне буд, ки дар офаридани ҳамаи анвоъи адабиёти бачагон муваффақ буд.

«Асарҳои устод Бақозода зуд ба дили бачаҳо роҳ меёбад. Ҳамин аст, ки то имрӯз кӯдакон бо шавқ онҳоро мутолиа мекунанд. Дар озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирокчие нест, ки 4-5 асари устодро аз ёд накарда бошад»,-гуфт номбурда.

Коргардон ва драматурги тоҷик Тӯрахон Аҳмадхонов зикр кард, ки Наримон Бақозода яке аз аввалин адибони тоҷик буд, ки ба драматургияи бачагона даст зад.

«Песаи Наримон Бақозода «Бахтатро бедор кун!» — ро солҳои 80-ум вақте дар саҳнаи Театри ба номи Лоҳутӣ ба саҳна гузоштем, хеле машҳур шуд. Театр бо ин асар ба тамоми ҷо сафар кард. Ҳатто бисёриҳо баъди тамошои ин намоиш номи фарзандонашонро Бахтовар гузоштанд»,- гуфт Тӯрахон Аҳмадхонов.

Дар ин ҳамоиш зикр шуд, ки соли равон бахшида ба 90-солагии Наримон Бақозода китоби шеърҳо, маҷмӯаи мақолаву ёддоштҳои муҳаққиқону адибон нашр хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Наримон Бақозода дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, рӯзноманигори маъруфи «Овози тоҷик» зода шудааст. Замони тифлии шоир дар Самарқанд, дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон гузаштааст. Факултети таъриху филологияи УДТ ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1960). Ходими адабӣ, мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960—1967), мудири шуъбаи адабиёти бачагон ва наврасони Нашриёти давлатии «Ирфон» (1967—1970), таҳсил дар мактаби кинодраматургии назди Киностудияи «Тоҷикфилм», сардабири шуъбаи филмҳои ҳуҷҷатии «Тоҷикфилм», сармуҳар. Комитети давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография (1970—1974), котиби масъули маҷаллаи «Машъал» (1974—1979), муовини аввали раиси Комитети Тоҷикистнии муҳофизати сулҳ ва мудири Тоҷикистнии Хазинаи сулҳ (1974—2003).

Аз соли 2003 то охири умр ба корҳои эҷодӣ машғул буд. Барои кӯдакону наврасон як силсила шеъру достон офаридааст, ки дар маҷмӯаҳои «Гулдара» (1969), «Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо» (1971), «Сурнайчӣ» (1975), «Оши ҳалол» (1978), «Чӣ хуш аст?» (1983), «Дафтари мо — кони панҷ» (1985) ва ғайра фароҳам омаданд.

Наримон Бақозода рӯҳу равони кӯдаконро мефаҳмид, ба завқашон муносиб рафтор менамуд. Асарҳое меофарид, ки завқи кӯдакони синни томактабӣ ва хурди мактабхонро ангехта тавонанд.

Ба забони русӣ маҷмӯаҳои Наримон Бақозода «Хандаляк» (1969), «Ишь ты, озорной» (1974), «Что всегда слаще?» (1990), ба забони узбекӣ маҷмӯаи шеърҳои «Гулсара» (1979) ба табъ расидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *