Таҷлили Наврӯз дар шаҳраки нав
Дар назар аст, ки имсол Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ҷашн гирифта мешавад. Истиқболи Наврӯзи ҷумҳуриявӣ дар ин ноҳия дар ҳолест, ки панҷ сол мешавад бо саҳми соҳибкорон бунёди шаҳрак бо варзишогоҳи бузург идома дорад.
Убайдуллои Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ахиран дар нишасти хабарии хеш гуфт, ки дар бунёди шаҳрак зиёда аз 200 миллион сомонӣ масраф шудааст. “Маросими ифтитоҳи шаҳраки навбунёд дар рӯзи таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ рост меояд”,- гуфта буд вай.
Рӯзимад Сияҳаков, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки корҳои сохтмонӣ дар шаҳрак ҳанӯз соли 2017 оғоз шудааст. Дар ин шаҳрак пайкараи Ҷалолиддини Балхӣ ва осорхонаи ин мутафаккири барҷаста бунёд шудааст,- афзуд вай.
Ӯ мегӯяд, ки бунёди чунин шаҳрак то ҳол дар вилояти Хатлон собиқа надорад: “Дар ин шаҳрак варзишгоҳ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст, Мактаби Президентӣ бо хобгоҳи муосир барои хонандагону омӯзгорон, муассисаи томактабӣ ва хонаҳои баландошёна бунёд шудааст”.
Дар назар аст, ки 21-уми марти соли равон Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки меҳмонони дохил ва хориҷи кишвар дар сатҳи баланд истиқбол карда шавад.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ