Таҷлили Рӯзи Арабистони Саудӣ дар Осорхонаи миллӣ
22 феврали соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи таъсиси Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон, намояндаҳои корпусҳои дипломатӣ, вазорату идораҳо ва аҳли зиёи кишвар иштирок намуданд.
Тавре таъкид гардид, ҳамасола 22 феврал Рӯзи таъсиси Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин сана дар соли 1139 ҳиҷрии қамарӣ ва 22 феврали соли 1927 рост омадааст.Саудиён солгарди таъсиси нахустин давлати худро, ки аз ҷониби Имом Муҳаммад ибни Сауд бунёдгузорӣ шудааст, ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мекунанд.
Ин рӯз таҷассуми ифтихор аз решаҳои устувори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, меҳру муҳаббати шаҳрвандон ба раҳбарон ва ваҳдату амният аст. Инчунин, эҳё, рушди ҳамаҷониба ва мақоми баланди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ҷаҳон аст, ки ин кишвар имрӯз ба даст овардааст.
Дар ин рӯз мардуми Арабистони Саудӣ барои баёни муҳаббат ва садоқат ба кишвари худ ҷамъ меоянд. Ҳамчунин, онҳо барои пешрафт ва шукуфоии Арабистони Саудӣ орзуҳои нек мехоҳанд. Ин рӯзест, ки рӯҳияи ватандӯстиро дар миёни саудиҳо боло мебарад.
Аслан, баргузории чорабиниҳо дар ин рӯз гуногунанд. Аз ҷумла намоишгоҳҳо ва муаррифии таърихи давлати Саудӣ ташкил карда мешаванд. Мардум дар театрҳо ва марказҳои фарҳангӣ ҷамъ омада, намоишҳои гуногунро тамошо мекунанд ва аз чорабиниҳои фароғатӣ лаззат мебаранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ