Таҷлили Рӯзи кормандони молия дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон Иди касбии кормандони молия таҷлил карда шуд. Ба ин муносибат дар Сарраёсати молия чорабинӣ доир гардид.

Тавре Акрам Сулаймонзода гуфт, “боиси ифтихор аст, ки ҳамасола дар кишвар 7-уми декабр Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил мешавад”.

Ӯ афзуд, ки имрӯз Вазорати молия ва сохторҳои маҳаллии он сиёсати андозу буҷетро суботкорона пеш мебаранд ва бевосита дар рушди иқтисодиёт нақши арзанда доранд.

“Муътадилии молиявӣ бошад, дар ҳама давру замон омили асосии устувории давлат ба ҳисоб меравад. Бо саҳмгузории бевосита ва арзишманди кормандони мақомоти молия дар рушди иқтисодиёти мамлакат, умед аст, ки Тоҷикистон ба сафи кишварҳои мутараққии дунё мепайвандад. Сарраёсати молияи вилояти Хатлон тавонист ба танзиму ғанисозӣ ва афзоиши буҷети маҳаллӣ, зиёд намудани даромадҳои воқеии аҳолӣ, инкишоф додани молияи давлативу пешбурди сиёсати молиявӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда ноил гардад, ки ин муваффақият ба некӯаҳволии сокинон мусоидат намудаанд”,- афзудӯ.

Ҳамчунин, Ҳабибулло Иззатуллозода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон кормандони соҳаи молияро таҳният гуфта, таъкид кард, ки “моро зарур аст ба иҷрои пурраи нақша ва беҳтар кардани фаъолият аз пештара дида беҳтар таваҷҷуҳ кунем. Барои ғанӣ кардани буҷаи кишвар ва истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат мо бояд саҳми арзанда дошта бошем”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *