Дар Бадахшон чопхонаи муфлисшуда дубора ба кор медарояд

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон матбааи аз кормонда дубора фаъол мегардад. Раиси вилоят аз ин матбаа дидан намуда, ба масъулин дастур додааст, ки он дигарбора ба кор дароварда шавад.   

Гуфта мешавад, ки Иттиҳодияи истеҳсолии матабааҳои вилоят дар гузашта яке аз корхонаҳои калон ба ҳисоб мерафт. Аммо бо мурури замон ин корхона муфлис гардида, тамоман аз фаъолият бозмондааст.

“Бо дастур ва супориши бевоситаи раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ барои аз нав ба кор даровардани матбааи вилоятӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ояндаи наздик он дубора ба фаъолият оғоз менамояд”,-иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти раиси ВМКБ.

Зимни боздид Мирзонабот Алишер Худобердӣ барои ҳарчи тезтар ба кор андохтани матбаа ва анҷоми босифати корҳои таъмирии бинои он ба масъулин супоришҳои мушаххас додаааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *