Таҳдиди Соколов ба ширкатҳои тоҷикӣ
Вазири нақлиёти Русия гуфт, агар Душанбе ба парвозҳои ширкати русии «Ямал” иҷозат надиҳад, нисбат ба Тоҷикистон аз «чораҳои таҳрикдиҳанда” (побуждающие действия) кор хоҳанд гирифт. Максим Соколов гуфт, сафири Тоҷикистонро дар ин бора расман огоҳ кардаанд.
Вазири нақлиёти Русия Максим Соколов рӯзи 30 март дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфт, масъалаи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Ямал”-и Русия ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон то ҳол ҳалношуда боқӣ мондааст ва агар ҷониби Тоҷикистон ба аҳдаш амал накунад, нисбат ба Тоҷикистон аз чораҳои таҳрикдиҳанда кор хоҳанд гирифт.
Максим Соколов чунин тӯл кашидани ҳалли масъалаи парвозҳои ширкати «Ямал”-ро ба таътилоти наврӯзӣ дар Тоҷикистон рабт дод ва гуфт, «мақомоти авиатсионии Тоҷикистон таътил доштанд ва шояд ба ҳамин далел натавонистаанд ҷадвали тобистонаи парвозҳоро тасвиб кунанд.”
Вале, афзуд Соколов, ҷониби Русия «пайгирона манфиатҳои ширкатҳои ҳавопаймоии моро ҳимоят мекунад ва бо такя ба ин, мо коррро бо ҳамкорони тоҷикамон ҷиҳати ба иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар чорчӯби созишномаи байнидавлатӣ таҳрик додани онҳо идома медиҳем.”
Дар посух ба ин суол, ки барои ин музокироти наве лозим аст?, Максим Соколов гуфт, «музокирот ё амалҳои таҳрикдиҳандаи муносиб” («переговоры или соответствующие побуждающие действия”).
Вазири нақлиёти Русия гуфт, ки онҳо аз матбуот хабар ёфтаанд, ки гӯё мақомоти тоҷик ба вазорати ӯ нома фиристодаанд. Вале ӯ афзуд, ки ин нома ба дасти онҳо нарасидааст: «Агар мо мавқеъ(и муносиби ҷониби Тоҷикистон)-ро набинем, мо чораҳои мутаносиб ба ин вазъиятро меандешем. Мо ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистонро ба вазорати нақлиёт даъват карда, ӯро ба таври расмӣ дар ин бора хабардор кардем.”
Аммо Максим Соколов мушаххас накардааст, ки манзураш аз ин «амалҳои таҳрикдиҳанда» ва «чораҳои мутаносиб» чист?
Қаблан мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки ба ширкати «Ямал” ба ҷои Душанбе анҷоми парвозҳои аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба шаҳри Кӯлобро пешниҳод кардаанд. Вале Андрей Дубров, мудири тиҷоратии ширкати «Ямал” гуфт, ин пешниҳод қобили баррасӣ нест: «Пешниҳоди Тоҷикистон пешниҳоди ҳамвазн нест. Мо мавзӯи парвозҳо ба Кӯлобро баррасӣ намекунем, чунки ин як шаҳри хурд аст. Ин мисли он аст, ки ба ширкатҳои Тоҷикистон ба ҷои Маскав парвоз ба шаҳри Тиксиро пешниҳод кунанд.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ