Тағироти кадрӣ дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
Хуршед Зиёӣ муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Дар ин вазифа Хуршед Зиёӣ донишманд ва сиёсатшинос Сайфулло Сафаровро, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд моҳ қабл барканор шуда буд, иваз кард. То ин муддат курсии Сайфулло Сафаро холӣ монда буд.
Хуршед Зиёӣ доктори илмҳои фалсафа буда, то ин замон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа дошт. Қаблан муддати чандин сол ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ