Харҷи интихоботи порлумонии Ӯзбекистон-25 миллион доллар

Дар Ӯзбекистон барои омодагӣ ва баргузории интихоботи порлумоние, ки моҳи декабри соли ҷорӣ дар назар аст, наздики 25 миллион доллар ҷудо мешавад. Дар ин бора Комисияи марказии интихоботии Ӯзбекистон хабар дод.

Ин маблағ аз буҷаи давлат ҷудо ва ба тартиби зер харҷ мешавад:

— барои омодагӣ ва баргузории интихоботи Палатаи қонунгузори Маҷлиси олӣ 10,2 миллион доллар;

— барои омодагӣ ва баргузории интихоботи порлумонии Ҷумҳурии Қарақалпоқистон, маҷлисҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ 4,8 миллион доллар;

— барои баргузории чорабиниҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва маъракаи номзадҳо 4,9 миллион доллар;

ва 4,3 миллион доллари дигар барои хариди дастгоҳҳои зарурӣ, мол ва дигар хизматрасониҳои Комисияи марказии интихоботӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *