Тағйироти кадрӣ дар мақомоти судӣ
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони суди ноҳияҳои Ванҷ ва Ишкошими Вилояти Мухтор Кӯҳистони Бадахшон, раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ ва муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод карда шуданд.
Имрӯз дар асоси фармон ва пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони суди ноҳияҳои Ванҷ ва Ишкошими Вилояти Мухтор Кӯҳистони Бадахшон, раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ ва муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод карда шуданд.
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Маҳмудзода Махкам Азам бинобар ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду, дар бораи аз вазифаи судяи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Гулзор Муҳаббат Мамадкарим бинобар ба нафақа баромаданаш, дар бораи аз вазифаи муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Салимзода Юсуф Сафар, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобозода Матин Давлат, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобоҷонзода Аъзамҷон Абдуазиз, дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муминзода Қутбиддин Қурбоналӣ, дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон ва дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Бознашр аз Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ