Назарбоев: Аз мақоми президенти Қазоқистон канор меравам

«Ман ба қароре расидам, ки салоҳиятҳои худро ба ҳайси президенти кишвар канор гузорам”, — гуфт ӯ шоми 19-уми март дар як муроҷиати телевизионӣ ба мардум.

Шоми имрӯз президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев эълон кард, ки аз ин мақом истеъфо медиҳад. Муроҷиатномаи Назарбоев тавассути телевизионҳо ва радиоҳои давлатӣ нашр шуд. Нурсултон Назарбоев 79 сол дошта, аз тобистони соли 1989, қариб 30 сол боз роҳбарии ин кишвари саршор аз газу нафт ва дигар маъданҳои табиии Осиёи Марказиро дар даст дошт.

Тавре “Радиои Озодӣ” дар сомонаи худ хабар медиҳад, Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон, эълон кард, ки аз мақомаш канор меравад. Ӯ наздики 30 сол дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ дар сари қудрат буд.Назарбоев аввалин президент дар Осиёи Марказӣ аст, ки бо ихтиёри худ ва бо роҳи осоишта истеъфо дод.

«Ман ба қароре расидам, ки салоҳиятҳои худро ба ҳайси президенти кишвар канор гузорам”, — гуфт ӯ шоми 19-уми март дар як муроҷиати телевизионӣ ба мардум.

Назарбоев гуфт, ки раиси маҷлис Қосимҷомарт Тоқаев муваққатан масъулияти раҳбарии кишварро ба ӯҳда мегирад ва хабар дод, ки худаш раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон мемонад ва ин ҳам масъулияти ҷиддист. Ва, инчунин, мақоми раиси Ҳизби “Нур Отан”-ро ҳифз хоҳад кард.

Нурсултон Назарбоев гуфт, ҳоло масъулияти асосиаш ин аст, ки «ҷараёни интиқоли қудрат ба насли навро» таъмин кунад.

Дар Қазоқистон муддатҳо пеш овозаҳое паҳн шуда буд, ки Нурсултон Назарбоев аз раҳбарии ин кишвари ғанӣ аз нафт канор меравад. Назарбоев баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 ба ин сӯ раҳбарии Қазоқистонро ба ӯҳда дошт.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар борҳо Назарбоевро барои саркӯби мухолифону дигарандешон ба хотири тамдиди мӯҳлати раёсати ҷумҳуриаш интиқод кардаанд.

Истеъфои Назарбоев дар ҳоле эълон шуд, ки моҳҳои охир дар чанд шаҳри Қазоқистон бо талаби беҳтар кардани шароити иҷтимоӣ эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ҷараён гирифтанд ва дар баъзеи онҳо ошкоро истеъфои Назарбоев талаб мешуд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *