Тағо ҷиянро лату кӯб карда кушт
Кормандони пулис як сокини ноҳияи Рӯдакиро бо иттиҳоми куштори як ноболиғи 11-сола боздошт кардаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дастгиршуда 30-сол дошта, дар ҷамоати деҳоти Роҳатӣ зиндагӣ мекардааст. Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда тақрибан соатҳои 01:30-и рӯзи 12 сентябр дар ҳолати мастӣ ҷияни ноболиғаш, писарбачаи 11-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакиро, ки ба хонаи бобояш меҳмонӣ омадааст, зери латту кӯб қарор додааст. “Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,-меафзояд манбаъ.
Ба хабари ВКД, дастгиршуда қаблан бо моддаҳои 237 қисми 1 ва 177-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ